Ссылки доступа

Додситонӣ хостааст, ки Пирмуҳаммадзода ба 7 соли зиндон маҳкум шавад


Намояндаи додситонӣ, ки ҳамчун айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат мекунад, барои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик, 7 соли зиндон талаб кардааст.

Талаби додситон дар ҳоле садо дод, ки Пирмуҳаммадзода дар номае аз дохили боздоштгоҳ аз шиканҷа шуданаш шикоят карда буд.

Яке аз пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи ин рӯзноманигор охири ҳафтаи гузашта дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе баргузор шуд. “Додситон талаб мекунад, ки Абдусаттор 7 сол зиндонӣ шавад. Дигар чизе намедонем, ягон кас бо мо суҳбат намекунад,”--афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Талошҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам барои гирифтани шарҳи бештар аз Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва вакили дифоъ бенатиҷа буд. Вакили дифои рӯзноманигор баъди шунидани суол аз суҳбат худдорӣ кард. Дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки парвандаи Пирмуҳаммадзодаро баррасӣ мешавад, гуфтанд, “додрас дар семинар аст ва чизе гуфта наметавонем.”

Мурофиаи додгоҳии Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 13-уми октябр дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе оғоз шуд, вале наздиконро ба он роҳ надода буданд. Ду ҳафта баъд аз шуруи мурофиа, Пирмуҳаммадзода дар номае аз дохили боздоштгоҳ навишт, ӯро шиканҷа карданд то гуноҳи нокардаашро ба дӯш гирад.

“Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам,” – навишта буд рӯзноманигор.

Баъди пахши ин нома аз тариқи Радиои Озодӣ, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳокимаи Пирмуҳаммадзодаро боздошт ва аз Додситонии кулли Тоҷикистон хост, ки шикояти ӯро дар бораи шиканҷа шуданаш таҳқиқ кунад. Мақомот то ҳол дар бораи натиҷаи ин таҳқиқ чизе нагуфтаанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 8-уми июли имсол боздошт ва ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ гумонбар шуд. Ин рӯзноманигор дар номааш аз дохили боздоштгоҳ ҳама гуна робита бо гурӯҳҳои мамнӯъро рад карда буд.

Пирмуҳаммадзода яке аз 7 рӯзноманигору блогери тоҷик аст, ки дар ним соли охир боздошт шудаанд. Аксари ин хабарнигорон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд ва ин кор нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқро ба миён овард.

XS
SM
MD
LG