Дар ин сафар масоили дуҷонибаи ҳамкорӣ баррасӣ хоҳад шуд, хабар доданд аз маркази матбуотии президенти Узбекистон.
Дар поёни дидори Тоқаев бо ҳамтои узбекистониаш Шавкат Мирзиёев имзои чанд шартномаи ҳамкорӣ дар назар аст.
Мақомоти ду кишвар то ин замон хабар надоданд, ки оё дар дидори Мирзиёев бо Тоқаев "иттиҳоди газ" баррасӣ хоҳад шуд ё не.
Пештар аз ин Владимир Путин, президенти Русия ба Қазоқистон ва Узбекистон пешниҳод карда буд, ки "иттиҳоди газ" таъсис дода шавад. Мақомоти Қазоқистон ва Узбекистон пешниҳоди Путинро напазируфтанд.