Хадамоти матбуотии вазорат иттилоъ додааст, ки маъмурони пулис шаҳрванди Узбекистон М. Ю., соли таваллудаш 1978-ро 13 декабр ҳангоми фиристодани ду духтар ба Ҳиндустон дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд дастгир карданд.
Ба иттилои муфаттишон, ин мард ба боварии ду хоҳари 19 ва 27-сола аз Намангони Узбекистон даромада, ҷои кори "хуб" ва маоши баландро дар Ҳиндустон ваъда додааст.
Тавре маълум шуд, ҳамсари боздоштшуда ҳоло дар Ҳиндустон қарор доштааст. Ӯ духтаронро пешвоз гирифта, барои машғул шудан ба танфурӯшӣ "шароит фароҳам меовардааст".
"Зану шавҳар ҳатто ба духтарон пули роҳкиро ва раводид (виза) ба Ҳиндустонро пардохт кардаанд", - омадааст дар иттилоияи пулис.
Зидди зану шавҳар бо банди "қочоқи инсон" парванда боз шуда, истирдоди ҳамсараш аз Ҳиндустон ба ватан баррасӣ мешавад.