Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон рӯзноманигор Михаил Козачковро 2 моҳ ҳабс кард (видео)


Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзноманигор Михаил Козачков, бунёдгузори канали "Kozachkov offside" дар паёмакрасони Телеграм ва хабарнигори нашрияи "Время"-ро ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Оҷонси мониторинги молӣ дар Қазоқистон 18 декабр хабар дод, ки рӯзноманигор Михаил Козачков, бунёдгузори канали "Kozachkov offside" дар паёмакрасони Телеграм ва хабарнигори нашрияи "Время" дастгир шудааст.

Ӯ дар мусоидат ба "гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ"-и Елдос Коспаев айбдор мешавад. Тибқи фарзияи оҷонс, Коспаев гӯиё аз "хидматҳои Козачков барои ҳамлаҳои иттилоотӣ зидди қурбониёни ғасбҳои рейдерӣ истифода мекардааст". Козачков барои ин "хидматҳояш" аз гуруҳи ҷиноӣ 52 миллион танга гирифтааст.

Худи рӯзноманигор дар номааш аз дохили боздоштгоҳ гуфт, ки сардори Оҷонси назорати молии Қазоқистон Жанат Элиманов мехоҳад аз ӯ қасос гирад ва бинобар ин, вайро дастгир кардааст.

XS
SM
MD
LG