Ссылки доступа

Барномаи сафари президенти Қазоқистон ба Узбекистон нашр шуд


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар доираи сафари дурӯзааш ба Узбекистон дар чанд чорабинӣ иштирок мекунад.

Тоқаев рӯзҳои 21-22 декабр ба Узбекистон сафари давлатӣ анҷом медиҳад.

Дар рӯзи аввали сафар Тоқаев дар пояи ёдгории "Истиқолол" дар бози "Янги Узбекистон" гул мегузорад. Рӯзи 22 декабр президенти Қазоқистон аз ёдгории "Калдиргач-бия" дар Тошканд дидан хоҳад кард.

Маросими мулоқоти расмӣ дар Маркази конгресси "Тошканд ситӣ" баргузор мешавад.

Дар поёни сафари давлатии Тоқаев чанд санади ҳамкории дуҷониба имзо ва бо ҳурузури ду призедент нишасти кутоҳи хабарӣ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG