Ссылки доступа

Мулоқоти ғайрирасмии сарони ИДМ рӯзҳои 26-27 декабр доир мешавад


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат мекунад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар доданд.

Раҳбарони кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Беларус дар мулоқоти ғайрирасмӣ ҷамъ меоянд.

Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ дирӯз дар як нишаст дар Минск гуфт, нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург рӯзҳои 26 то 27 декабр баргузор мешавад.

Даъвати раҳбарони кишварҳои узви ИДМ пеш аз соли нав ба Русия, як одати деринаи президенти Русия Владимир Путин аст, ки дар ин созмони сиёсӣ нақши аввал мебозад.

ИДМ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис шуда, ба қавли таҳлилгарон, ба узвияташ он ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дохил мешаванд, ки бо Маскав ва Кремлин ҳамкориву шарикии стратегӣ доранд.

XS
SM
MD
LG