Ссылки доступа

Қирғизистониҳоро "ба кор" дар Мариупол даъват мекунанд


Мариупол, Украина.

Дар Telegram-каналҳое, ки муҳоҷирони корӣ бештар онҷо муошират мекунанд, хабарҳо дар бораи "амн" будани шаҳри Мариупол ва ҷойҳои холии корӣ дар он нашр мешаванд.

Дар эълонҳои ҷои кор дар Мариупол моҳона дар ҳаҷми аз 80 то 100 ҳазор рубл ваъда дода мешавад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки кормандон бо ҷои хоб, либос ва ғизо таъмин хоҳанд шуд.

Аз хабарҳои рӯзҳои ахир маълум аст, ки муҳоҷирони кории қирғиз низ ба корҳои барқарорсозии Мариуполи Украина ҷалб мешаванд. Ин шаҳри Украина аз сӯи неруҳои Русия ишғол шудааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо яке аз рақамҳои дарҷшуда дар дар эълонҳо тамос гирифт. Тавре маълум шуд, ҳатто дар Бишкек ҳам шахсоне будаанд, ки одамонро барои кор ба Мариупол ҷалб мекунанд. Онҳое, ки эълонҳоро нашр мекунанд, мегӯянд, сокинони Бишкекро асосан аз Қазоқистон ба корҳои барқарорсозии Мариупол мефиристанд.

Як оҷонси шуғл дар Қазоқистон ҳам тавассути интернет қазоқистониҳоро барои барқарорсозии шаҳри Мариуполи Украина даъват мекунад. Пештар чандин муҳоҷири тоҷик ҳам гуфтанд, онҳоро бо ваъдаи маоши хуб ба Мариупол бурданд, аммо корфармоён ваъдахилофӣ карданд.

XS
SM
MD
LG