Ссылки доступа

Узбекистон бо гази туркманӣ барқ истеҳсол карда, ба Қирғизистон медиҳад


Узбекистон ба Қирғизистон нерӯи барқеро содир мекунад, ки аз гази воридотии Туркманистон истеҳсол мешавад.

Хабаргузории "Газета.уз" иттилоъ додааст, ки вазоратхонаҳои энергетикаи Узбекистон ва Қирғизистон бо нашри изҳороти муштарак гуфтанд, табодули барқ миёни ду кишвар тибқи ҷадвалҳои тасдиқнамудаи ҷонибҳо, сурат мегирад.

"Бо назардошти мушоҳида шудани камобӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва пешгирӣ аз сатҳи фоҷеавии об дар обанборҳо ба Қирғизистон неруи барқе интиқол дода мешавад, ки аз гази туркманӣ истеҳсол хоҳад шуд", - омадааст дар изҳорот.

Ҳамчунин бар асоси тавофуқи ҷонибҳо, аз Туркманистон тавассути низоми энергетикии Узбекистон ба Қирғизистон неруи барқ интиқол дода мешавад.

Муовини вазири энергетикаи Узбекистон Шерзод Хоҷаев қаблан гуфта буд, ки кишвараш ба Қирғизистон шабона барқ медиҳад.

XS
SM
MD
LG