Ссылки доступа

Сокини 60-солаи Қубодиён бо ҷурми "зархаридӣ" 12 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи вилояти Хатлони Тоҷикистон сокини 60-солаи ноҳияи Қубодиёни кишвар Сафар Каримовро бо ҷурми "зархаридӣ" 12 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Ҳукми сокини Қубодиёнро додгоҳ моҳи ноябри имсол содир кардааст, вале дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон 20 декабр дар ин бора хабар дод.

Дар хабари додситонӣ омадааст, ки Каримов ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштанаш "ақида ва ғояҳои ифротии созмони террористии "Давлати Исломии Ироқу Шом" "ДИИШ"-ро қабул ва муҳоҷирони кориро ба саффи он ҷалб кардааст.

Дар натиҷа зидди Сафар Каримов дар Тоҷикистон бо банди "Зархаридӣ" парванда боз ва номи ӯ дар рӯйхати афроди таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода шудааст.

Каримов соли 2017 дар вилояти Самараи Русия боздошт шудааст. "Ҳангоми дар боздоштгоҳи муваққатии Самара қарор доштанаш аз моҳи август то моҳи ноябри 2017 сол, бо роҳи ташвиқу тарғиби ақидаҳои ифротии "ДИИШ" шаҳрвандони Русия Архипов Д.К., Алпатов А.И., Петров В.Э. ва Кузмич Г.А.-ро барои шомил шудан ба сафи созмони террористӣ-экстремистӣ ва барои сафар кардан ба кишварҳои Ироқу Сурия даъват намудааст", - афзудааст додситонӣ.

XS
SM
MD
LG