Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон 631 млрд тангаи "ғайриқонунӣ"-ро аз хориҷ баргардонданд


Комиссияи махсуси "баргардонии маблағҳои ғайриқонунӣ аз хориҷ", ки баъди ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон ташкил шуд, мегӯяд, 631 миллиард тангаро ба кишвар баргардонидааст.

Сухан аз маблағҳое меравад, ки дар давоми шаш моҳи соли 2022 ба Қазоқистон баргардонида шудаанд. Дар ин бора Артур Ластаев, раиси Хадамоти ҳамкории байналмилалии ҳуқуқии Қазоқистон 22 декабр дар нишасти хабарии Додситонии кулли ин кишвар иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои комиссия, 421 миллиард тангаи ин маблағ дар чаҳорчӯби ҷуброни хисороти гумонбарони парвандаҳои ҷиноӣ, аз ҷумла 314 миллиард тангаи нақд ва 107 миллиард танга дар шакли сангҳои қиматбаҳо баргардонида шудааст.

Ластаев номи ширкат ва тоҷиронеро, ки ба иттилои комиссия, дороиҳои ғайриқонунии онҳо аз хориҷ ба Қазоқистон баргардонида шуд, ифшо накард.​

XS
SM
MD
LG