Ссылки доступа

Аз қирғизистониҳо хостанд, муваққатан ба Тоҷикистон нараванд


Вазорати умури хориҷии Қирғизистон аз сокинони ин кишвар даъват кардааст, ки аз сафар ба Тоҷикистон муваққатан худдорӣ кунанд.

Вазорат ин даъватро ба идомаи чораҳои маҳдудкунандаи сафари шаҳрвандони Қирғизистон ба Тоҷикистон рабт додааст.

"Ба шаҳрвандони Қирғизистон тавсия дода мешавад, ки муваққатан аз ҳар гуна сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд", - омадааст дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG