Пештар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, дар ду моҳи охир вазъи сиҳатии 20 кӯдак аз Самарқанд баъди истеъмоли доруи "Док-1 Макс" бад шуда, 15 кӯдак фавтидааст. Доруи "Док-1 Макс"-ро Ҳинд истеҳсол мекунад.
Як масъули маркази тиббии вилояти Самарқанд гуфтаст, ин кӯдакон ба "дарди гурда" гирифтор шудаанд.
Шуруъ аз 22 декабри соли 2022 фурӯши доруи "Док-1 Макс" дар Узбекистон манъ шудааст.
Дар робита ба марги кӯдакон дар Узбекистон дар Қирғизистон низ фурӯши доруи "Док-1 Макс"-ро манъ кардаанд.