Ссылки доступа

HRW хост, лоиҳаи Кодекси иттилоотии Узбекистон бозхонд шавад


Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) 23 декабр бо нашри изҳороте аз Оҷонси иттилоот ва иртибототи Узбекистон даъват кардааст, то лоиҳаи Кодекси иттилоотиеро, ки барои баррасии умум пешниҳод кардааст, бозхонд кунад.

Ба гуфтаи масъулони созмон, агар ин кодекс дар шакли кунунӣ қабул шавад, метавонад боиси нақзи озодии матбуот ва баён дар Узбекистон шавад.

"Қонунгузорон бидуни баррасии оқибатҳои ҷиддии ин кодес ба озодии баён ва усули адами табъиз набояд барои тасвиби он шитоб кунанд. Онҳо пеш аз баррасӣ бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки он бо меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар комилан мувофиқат мекунад”, - гуфтааст пажӯҳишгари аршади созмон дар Осиёи Марказӣ Мира Ритман.

Лоиҳаи нави Кодекси иттилоотӣ, ки аз ҷониби Оҷонси иттилоот ва иртибототи Узбекистон таҳия шудааст, 14 декабри соли 2022 барои баррасии умум пешниҳод гашт.

Қарор аст, он 8 қонуни мавҷуда, ки масъалаҳои иттилоотиро танзим мекунанд, аз ҷумла дар бораи ВАО, усул ва кафолатҳои озодии иттилоот, ҳифзи кӯдакон аз иттилооти зараррасон ба саломатии онҳоро тағйир ва муттаҳид месозад.

XS
SM
MD
LG