Ссылки доступа

Додгоҳи Бишкек хост, гумонбарони "парвандаи Кампиробод" дар ҳабс монанд


Додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон имрӯз, 26 декабр шикояти 5 нафареро, ки дар доираи ба истилоҳ, "парвандаи Кампиробод" боздошт шудаанд, баррасӣ кард.

Дар Хадамоти матбуотии додгоҳ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додрас қарор кардааст, то вакили пешини порлумон Равшан Ҷеенбеков ва собиқ раиси вилояти Ҷалолобод Бектур Асанов то 26 феврали соли 2023 дар ҳабси пешакӣ бимонанд.

Ҷеенбеков дар додгоҳ гуфтааст, ки вазъи сиҳатии аксари боздоштшудаҳо бад шудааст.

Додгоҳи Бишкек имрӯз ҳамчунин ҳукми ҳабси пешакии фаъолони маданӣ Атай Бейшенбек, Чингиз Капаров ва Марат Баёзовро бетағйир гузошт. Онҳо то 20 феврали соли оянда дар ҳабс мемонанд.

Дар Бишкек моҳи октябри имсол тақрибан 30 сиёсатмадор ва фаъоли ҷомеа бо гумони "омодагӣ ба ташкили ошӯбҳои оммавӣ" боздошт шуд.

Ба нишони эътироз ба ҳукми додгоҳ 19 муттаҳами ин парванда гуруснанишинӣ эълон карданд. Вакилони мудофеи бархе боздоштшудаҳо ва намояндагони Пажуҳишгоҳи Омбудсмен аз вазъи саломатии онҳо нигаронӣ карданд.

Содир Ҷабборов рӯзи 17 декабр дар мусоҳиба бо нашрияи давлатии "Кабар" дар шарҳи “қазияи Кампиробод” изҳор дошт, ки “беш аз 90 дарсади онҳое, ки имрӯз дар ҳабс ҳастанд, борҳо дар баҳсҳои пӯшидаи масъалаи марз ширкат кардаанд ва бояд бидонанд, ки масъалаи Кампиробод ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст”. Ба гуфтаи президент, боздоштшудаҳо "мардумро ба шӯр” оварда, талош кардаанд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.

XS
SM
MD
LG