Ссылки доступа

Муҳлати ҳабси Юлдошева - фаъоли қарақалпоқистонӣ то 13 ноябри соли 2023 тамдид шуд


Додгоҳе дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ҳукми ҳабси пешакии фаъоли қарақалпоқистонӣ Тлеубик Юлдошеваро то замони ҳал шудани масъалаи истирдоди вай ба Узбекистон тамдид кард.

"Бино ба қарори додгоҳ, шаҳрванди Узбекистон Юлдошева то 13 ноябри соли 2023 дар ҳабс мемонад", - хабар доданд дар додгоҳ. Ин қарор рӯзи 23 декабр содир шудааст.

Мақомоти Узбекистон рӯзи 5 декабр аз Додситонии кулли Қазоқистон дархост кардаанд, ки Юлдошева барои ба ҷавобгарӣ ҷалб шудан ба Узбекистон истирдод шавад. Ҳамон рӯзи 5 декабр Раёсати ҳамоҳангсозии шуғли аҳолӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ дар Оқтеппа ба Юлдошева шаҳодатномаи паноҳҷӯӣ дод. Шаҳодатнома 90 рӯз - то 5 марти соли 2023 эътибор дорад.

Қонунгузории Қазоқистон истирдоди паноҳҷӯёнро ба кишварашон манъ мекунад.

Юлдошева рӯзи 13 нобяри имсол аз сӯи кормандони Хадамоти марзбонии Қазоқистон боздошт шуд. Гулмира Қуатбекова, корманди Дафтари ҳуқуқи башари Қазоқистон пештар хабар дода буд, ки Юлдошева бо ӯ тамос гирифта, гуфтааст, ҳангоми сафар ба Русия дар гузаргоҳи марзии вилояти Оқтеппа боздошт шудааст.

"Марзбонони қазоқ гуфтаанд, ки фаъоли қарақалпоқистонӣ таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад", - изҳор дошт Қутбекова.

XS
SM
MD
LG