Ссылки доступа

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба 7 сол зиндон маҳкум шуд


Блогер Абдусаттор Пирмухаммадзода. Архивное фото
Блогер Абдусаттор Пирмухаммадзода. Архивное фото

Рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки қаблан дар номае гуфта буд, ӯро дар боздоштгоҳ "заданду кӯфтанд ва ба барқ мондаву ҷонашро ба лаб оварданд", ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд.

Бародараш, Абдукарим Пирмуҳаммадзода, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукмро Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 26-уми декабр эълон кард, вале онҳо розӣ нестанд.

Худи Пирмуҳаммадзода дар номааш моҳи октябри имсол гуфта буд, ки ба мустақилии додгоҳҳо дар Тоҷикистон бовар надорад ва мутмаин аст, ҳукмаш "пеш аз боздошт дар долонҳои ҳукуматӣ содир шудааст".

Шарҳи масъулони Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳанӯз дастрас нест.

Наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода мегӯянд, нусхаи ҳукмро надоранд, вале ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) гунаҳкор шудааст.

Худаш моҳи октябр дар номае аз боздоштгоҳ навишт, ки аз рӯзи аввали боздошт зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти милисаро ба дӯш бигирад.

"Ҳукм ноодилона аст. Бо хулосаи додрас розӣ нестем. Худаш қаблан ва ҳангоми мурофиа низ иттиҳомро беасос номидааст," -- гуфт бародараш Абдукарим Пирмуҳаммадзода. Вай илова кард, ки дар рӯзи эълони ҳукм ҳамсару фарзандон ва хоҳари рӯзноманигор ба толори додгоҳ роҳ ёфтаанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаи 44-сола, соҳиби чаҳор фарзанд, ки тайи моҳҳои охир дар бораи мушкили иҷтимоии мардум дар Ютуб суҳбат мекард, рӯзи 8-уми июли имсол дар зодгоҳаш, шаҳри Ваҳдат, дастгир шуд. Номи ӯ моҳи ноябри соли 2020 ва пас аз як муроҷиати ғайриодияш ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон маъруф гардид.

Он замон гуфта буд, аз ночорӣ таксӣ меронад, аммо аз ҷаримаҳои зиёди нозирони роҳ ба дод омадааст. Аз он пеш дар радиои “Садои Душанбе” ва расонаҳои вобаста ҳукумат ба кор мекард.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва аз 7 то 21 сол зиндонӣ шуданд. Мақомот хабарнигоронро ба нашри иттилои дурӯғу ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор карда, ҷараёни тафтишу муҳокимаро пинҳон доштанд.

Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, ҳукми хабарнигоронро зарба ба озодии баён дар Тоҷикистон номида, хоҳони раҳоии хабарнигорон шуданд.

XS
SM
MD
LG