Ссылки доступа

Дар Қазоқистон озодии як мухолифи ҳукуматро талаб доранд


Гуруҳе аз фаъолон ва рӯзноманигорони Қазоқистон 26 декабр бо баргузории як нишасти хабарӣ дар бинои Бюрои ҳуқуқи инсон дар шаҳри Алмато хостанд, фаъоли маданӣ Айгерим Тлеужанов, ки дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда шавад.

Вакили дифои Тлеужанов ҳамаи айбҳои эъломшуда зидди шахси зери ҳимояи худро рад карда, парвандаро ба фаъолияти касбии фаъоли маданӣ рабт дод.

"Вайро дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ айбдор кардан ғайриқонунӣ аст. Ӯ баъди шунидани он ки нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ вориди кишвар мешаванд, ба фурудгоҳ рафт, то фаҳмад, ки ин ҳақиқат аст ё не. Дар он ҷо касе ба вай ҷавоб надод ва пас аз 20 дақиқа фурудгоҳро тарк кард. Баъд аз ин, Айгерим изҳор дошт, ки мехоҳад ҳизби худро таъсис диҳад ва дар интихоботи порлумонӣ иштирок кунад. Вайро барои фаъолият ва ба хотири пешгирӣ аз ширкаташ дар интихобот айбдор мекунанд", - изҳор дошт вакили дифоъ Айнара Айдархонова дар нишасти хабарӣ.

Тлеужанов аз 17 ноябри имсол дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Ӯ дар доираи парвандаи ҳамла ба фурудгоҳи Алмато нахуст ба ҳайси шоҳид иштирок карда, сипас зиддаш парванда боз шуд. Муфаттишон ӯро дар ҳамла ба фурудгоҳи Алмато гумонбар медонанд.

XS
SM
MD
LG