Дар акси ҳол ба гуфтаи онҳо, арзиши орд дар Қирғизистон аз 1 январи соли оянда 15% ва нархи нон 20% гарон хоҳад шуд.
Истеҳсолгарон мегӯянд, 31 декабр муҳлати имтиёзи онҳо барои воридот ва коркарди ғалла, ки аз моҳи августи соли гузашта дар Қирғизистон ҷорӣ шуда буд, ба поён мерасад.
Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоли ҳозир мушкили дигаре низ дар ин самт ба миён омадааст. "Захира дар анборҳои соҳибкорони Қирғизистон тақрибан тамом шудааст ва дар сурати талаби дубораи андоз аз арзиши иловашуда онҳо маҷбур мешаванд, ки нархи ордро 15% боло баранд. Мутаносибан нархи нон ҳам гарон мешавад", - гуфт як соҳибкори қирғиз.
Дар ҳукумати Қирғизистон то ҳол ба талаби истеҳсолгарони орд вокуниш накардаанд.