Ссылки доступа

Ба 48 ҳазор муштарии барқ дар Экибастузи Қазоқистон ҷуброн мепардозанд


Бағдод Орал, як масъули ширкати барқи Экибастузи Қазоқистон гуфт, ширкат ба муштариҳо барои масрафи барқ ҷубронпулӣ мепардозад.

Аз ин ҷубронпулӣ 48 ҳазору 172 муштарии барқи Экибастуз бархурдор хоҳанд шуд. Ҳаҷми ҷубронпулӣ ҳудуди 11 долларро ташкил медиҳад.

Охири моҳи ноябр дар Экибастузи Қазоқистон садҳо бинои истиқоматии бисёрҳуҷраӣ дар сардиҳои шадид бидуни гармӣ монданд. Он рӯзҳо маркази гармидиҳии Экибастуз аз кор монда буд. Ба далели набуди оби гарм дар бухориҳои обӣ сокинон аз бухориҳои барқӣ истифода карданд.

XS
SM
MD
LG