Ссылки доступа

Хадамоти амнияти Узбекистон марги кудакон аз "Док-1 МАКС"-ро таҳқиқ мекунад


Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон дар робита ба марги 18 кудак баъд аз истеъмоли доруи "Док-1 Макс"-, ки аз сӯи ширкати ҳиндии "Marion Biotech" истеҳсол шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Дар хадамот гуфтанд, ки ҳамаи гумонбарон боздошт ва ҳабс шудаанд, аммо шумори онҳо гуфта намешавад. Парванда аз сӯи муфаттишони Хадамоти амнияти давлатӣ таҳқиқ мешавад.

Ахиран таҳқиқоти ибтидодии озмоишгоҳӣ дар таркиби доруи "Док-1 Макс" "этиленгликол"-ро ошкор кард. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон, "ин дору заҳролуд буда, маҳлули 95%-и он ҳангоми ворид шудан ба бадан боиси тағйироти ҷиддӣ дар саломатии бемор хоҳад шуд".

Санҷиш нишон додааст, ки дар Узбекистон 21 кудак баъди истеъмоли доруи мазкур дар беморхона бистарӣ шуда, 18 тани онҳо ҷон додааст.

Шуруъ аз 22 декабри соли 2022 фурӯши доруи "Док-1 Макс" дар Узбекистон манъ шудааст. Дар робита ба марги кӯдакон дар Узбекистон дар Қирғизистон низ фурӯши доруи "Док-1 Макс"-ро манъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG