Ссылки доступа

Москва ва Тошканд қарордодеро дар бораи бунёди неругоҳи ҳастаӣ омода мекунанд


Сафири Русия дар Узбекистон Олег Малгинов рӯзи 28 декабр гуфт, Москва ва Тошканд имрӯзҳо қарордодеро барои сохтмони неругоҳи ҳастаӣ таҳия мекунанд.

“Ширкати давлатии “Росатом” ва Оҷонси “Узатом” имрӯз лоиҳаи шартномаи генералии сохтмони нерӯгоҳи ҳастаиро таҳия мекунанд, ки кори бузург ва бисёрҷанба аст. Дар маҳалли сохтмон тадқиқоти муҳандисӣ анҷом ёфта, масъалаҳои техникии лоиҳа баррасӣ карда шудааст”, - изҳор дошт дипломати рус.

Ба гуфтаи Малгинов, Узбекистон бо бунёди неругоҳи ҳастаӣ солона то 3 миллиард метри мукааб газро сарфа хоҳад кард.

Созишномаи байниҳукуматии Русияву Узбекистон дар бораи сохтмони неругоҳи ҳастаӣ дар ҳудуди Узбекистон моҳи сентябри соли 2018 имзо шудааст. Ин неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷаи Узбекистон ва қарзи давлатии Русия сохта мешавад.

Вазорати энержии Узбекистон хабар дод, ки неругоҳи ҳастаӣ то соли 2030 ҳудуди 15-18 дарсади талаботи Узбекистон бо барқ таъмин мекунад. Минтақае дар назди кӯли Тузкан дар вилояти Ҷиззахи Узбекистон майдони мувофиқ барои сохтмони неругоҳ интихоб шудааст.

XS
SM
MD
LG