Ссылки доступа

Гумонбарони парвандаи "Керемет бонк" дар Қирғизистон ба ҳабс гирифта шуданд


Ҳамаи гумонбарони боздоштшуда дар доираи парвандаи "Керемет бонк" дар Қирғизистон ба ҳабс гирифта шуданд.

Хадамоти матбуотии Додгоҳи шаҳрии Бишкек иттилоъ додааст, ки беш аз панҷ нафари гумонбар ба қаллобӣ ва қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ се моҳ дар ҳабс мемонанд. Манбаъ ному насаби боздоштшудаҳоро ошкор накардааст.

Додситонии кулли Қирғизистон 23 декабри имсол хабар дод, ки Б.М. ва А.М, муовини сардори Раёсати амнияти дохилии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ва муфаттиши ин ниҳод дастгир карда шуданд. Додситонӣ 22 декабр аз боздошти раиси бонки "Керемет бонк" Мақсад Дадибоев хабар дода буд.

Масъулони додситонӣ гуфтанд, ки зидди баъзе аз намояндагони "Керемет бонк" бо гумони "Қаллобӣ" ва "Пулшӯӣ" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG