Ссылки доступа

Як наврас дар Хатлон аз тири "Калашников" кушта шудааст


Мақомот дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) марги як хонандаи синфи нӯҳумро таҳқиқ доранд. Ба иттилои дарёфтӣ, ӯ шоми 26-уми декабр аз тири автомати "Калашников" ҷон бохтааст.

Намояндагони ниҳодҳои интизомӣ мегӯянд, тири автомат ба чашми чапи Ф.Ф.-и 15-сола, хонандаи мактаби рақами чори ҷамоати Панҷи ноҳияи Ҷайҳун расидааст.

Ба гумони даст доштан дар ин ҳодиса як ҷавони 18-сола ва ду ноболиғи дигар дастгир шудаанд.

Дар Додситонии ноҳияи Ҷайҳун рӯзи 29-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳанӯз маълум нест, автомати “Калашников” аз куҷо пайдо шуда ва қатли ноболиғ қасдан сурат гирифтааст ё ҳодисаи тасодуфӣ будааст.

Фаррух Шарифов, амаки ноболиғ, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте садои тир баланд шуд, ба ҷои ҳодиса рафтанд ва ҷасади додарзодаашро диданд. "Дар наздаш автомати “Калашников” истода буд," -- нақл кард ӯ.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, пайдо шудани атвомати “Калашников” барои онҳо муаммост, чун ҳеч наздикашон шахси низомӣ набуд ва касе ҳам дар маҳалли онҳо силоҳи ҷангӣ надошт.

Дар додситонии Ҷайҳун гуфтанд, ки ҳодисаро тафтиш доранд ва ҳанӯз аз куҷо дастрас шудани автомати “Калашников” дақиқ нашудааст.

Пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1997 мақомоти тоҷик маъракаи ҷамъоварии силоҳ аз сокинонро эълон карда буданд. Мақомот он замон гуфта буданд, ки ҳар касе силоҳҳои ҷангиро ихтиёрӣ месупорад, аз ҷавобгарӣ озод аст. Вазорати корҳои дохилӣ борҳо эълон кард, ки дигар дар дасти аҳолӣ силоҳи ҷангӣ боқӣ намондааст.

XS
SM
MD
LG