Ссылки доступа

Ҳавопаймои Jazeera Airways аз Кувайт ба Душанбе расид


Ҳавопаймои “Jazeera Airways” аз Кувайт ба шаҳри Душанбе расид.

Беш аз 20 мусофир, аз ҷумла чанд блогеру хабарнигор, баъзе аз намояндагони расмӣ ва чанде аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Кувайт шоми 29-уми декабр ба Тоҷикистон омаданд.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, дар аввали моҳи декабр гуфта буд, ки “парвозҳо дар хатсайри Кувайт-Душанбе ҳафтае ду бор, рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе, сурат хоҳад гирифт. Бо афзудани рафтуои мусофирон тадриҷан ба низоми ҳамарӯза гузаронида мешавад.”

Ӯ изҳори умед кард, ки бо ташкили хатсайри мустақим шумораи ҷаҳонгардон аз ҳар ду кишвар афзуда, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ рушд хоҳад ёфт.

Нархи билети ҳавопаймо ба ҳарду самт 175 динор, муодили 510 доллар будааст.

“Jazeera Airways”-и Кувайт ширкати ғайридавлатист ва ба қатори ширкатҳои локостер ё арзонфурӯш дохил мешавад. Ҳавопаймоҳояш дар Ховари Миёна, Покистон, Ҳинду Аврупо парвоз анҷом медиҳанд.

Кувайт бо Ироқ ва Арабистони Саудӣ ҳамсарҳад аст. Кишвари содиркунандаи нафт буда, робитаҳои дипломатии Кувайту Тоҷикистон соли 1995 барқарор шудааст.

XS
SM
MD
LG