Ссылки доступа

Вазири нави тандурустии Узбекистон фурӯши доруҳои "Quramax"-ро манъ кард


Вазорати тандурустии Узбекистон ба дорухонаҳои ин кишвар дастур додааст, то аз фурӯши ҳамаи доруҳое, ки ширкати "Quramax" дар соли 2022 ворид кардааст, худдорӣ кунанд.

Дар ин бора дар номаи вазири нави тандурустии Узбекистон Амрилло Иноятов, ки рӯзи 2 январ ба дорухонаҳо фиристода шудааст, гуфта мешавад.

Ба гуфтаи вазир, санҷиши озмоишгоҳӣ дар таркиби доруҳои "Док-1 Макс" ва "Амбронол" маводи ноудурустро ошкор кардааст. Ин доруҳоро ширкати "Quramax" ба Узбекистон ворид мекард. Ба ҷуз ин, рӯзи 29 декабри соли гузашта аз додгоҳи шаҳри Тошканд дархост шудаст, то шаҳодатномаҳои сабтиноми ин доруҳо бекор карда шавад.

Қаблан мақомоти Узбекистон фурӯши ҳамаи доруҳоеро, ки аз сӯи ширкати ҳиндии "Marion Biotech" истеҳсол мешаванд, аз 30 декабр дар он кишвар манъ карданд. Ин қарор баъди он гирифта шуд, ки дар Узбекистон 19 кудак баъди истеъмоли "Док-1 Макс" ҷон дод.

Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон дар робита ба марги 19 кӯдак баъд аз истеъмоли доруи "Док-1 Макс" парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Дар робита ба марги кӯдакон дар Узбекистон дар Қирғизистон низ фурӯши доруи "Док-1 Макс"-ро манъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG