Ссылки доступа

Барфи зиёд дар Қазоқистон роҳҳои мошингардро баст


Дар шаҳри Жанатаси вилояти Ҷамбили Қазоқистон ба далели боридани барфи зиёд рӯзи 3 январ ҳолати фавқулода эълом шудааст.

Дар вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон гуфтанд, шамоли сахт ва тарбарф дар Ҷамбил боиси кандани хатҳои барқ ва чаппа шудани симчӯбҳо гардидааст.

Дар ноҳияи Таласси Қазоқистон низ дар натиҷаи шамоли сахт боми даҳҳо манзили истиқоматӣ тахриб шудааст.

Дар маҷмуъ 109 қитъаи роҳи мошингард дар Қазоқистонба далели боридани барфи зиёд баста шудааст. Дар он кишвар ситоди ҷумҳуриявии бартарафсозии оқибати барфрезӣ дар роҳҳо ташкил шудааст.

Ҳавошиносон гуфтаанд, дар Қазоқистон давоми рӯзи 4 январ низ барфрезӣ дар назар дошта шудааст.

XS
SM
MD
LG