Ссылки доступа

Яке аз қароргоҳҳои Назарбоевро дар шаҳри Остона ширкати "Казахмис" гирифтааст


Яке аз қароргоҳҳои президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро дар ноҳияи Есили шаҳри Остонаи он кишвар ширкати "Казахмис" соҳиб шудааст.

Маълум нест, ин қароргоҳ кай ва таҳти чи шароите ба ширкати "Казахмис" дода шудааст. Назарбоев қароргоҳи мазкурро тавассути ширкати "Дирексияи идораи амволи ғайриманқул" соҳиб шуда буд. Ширкати мазкурро "Бунёди Елбасӣ" идора мекард. "Бунёди Елбасӣ" ба Нурсултон Назарбоев марбут буд.

Нурсултон Назарбоев моҳи марти соли 2019 тарки курсии президентии Қазоқистон кард.

XS
SM
MD
LG