Ссылки доступа

Дар Узбекистон 8 кӯдаки дигар аз истеъмоли моеъи "Док-1 Макс" зиён диданд


Ҳафт кӯдак дар Сирдарё ва як кӯдаки дигар дар Фарғонаи Узбекистон аз истифодаи доруи ҳиндии "Док-1 Макс" зиён дидаанд.

Ба иттилои мақомоти пизишкии Узбекистон чаҳор кӯдаки зиёндида баъди табобат аз беморхона рухсат шуда, боқимонда таҳти табобат ҳастанд.

Пештар мақомоти Узбекистон хабар доданд, ки баъди истифодаи ҳабҳо ва моеъи "Док-1 Макс" дар он кишвар 19 кӯдак фавтидааст.

Барои таҳқиқи ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Ба дунболи фавти кӯдакон фурӯши доруи "Док-1 Макс" дар Узбекистон манъ шуд. Баъди расидани хабари фавти кӯдакон дар Узбекистон, Тоҷикистону Қирғизистон низ фурӯши доруҳои "Док-1 Макс"-ро манъ карданд.

XS
SM
MD
LG