Ссылки доступа

Дар Узбекистон соли 2023-ро соли мубориза бо фасод дар соҳаи тандурустӣ эълом карданд


Вазири нави тандурустии Узбекистон Амрилло Иноятов соли 2023-ро соли мубориза бо фасод дар соҳаи таҳти раҳбарияш эълом кардааст.

Иноятов гуфтааст, рақами телефони мобилияшро ҳамчун рақами телефони боварӣ расонаӣ мекунад.

“Як қатор соҳаҳое ҳастанд, ки бештар дар онҳо коррупсия мушоҳида мешавад ва мо бояд аз онҳо оғоз кунем. Ҳама медонанд, ки ҷобаҷогузории кор, бахусус парасторон, пулгирӣ дар таваллудхонаҳо, талаби ришва барои ҷарроҳии қайсарӣ, додани ордер барои шиносоӣ аз зумраи он соҳаҳо ҳастанд", - иқтибос овардааст хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Узбекистон аз суханони Амрилло Иноятов.

"Барои мубориза бо фасод дар бахши тандурустӣ телефони махсуси вазорат ташкил мешавад. Ман рақами худро низ ҳамчун телефони боварӣ қайд мекунам", - афзудааст ӯ.

Додситонии кулли Узбекистон баъди танқиди раиси Сенати он кишвар соли 2020-ро соли мубориза бо фасод дар соҳаи тандурустӣ эълом карда буд.

XS
SM
MD
LG