Ссылки доступа

Бишкек иштироки қирғизистониҳоро дар "ҳодисаҳои январӣ"-и Қазоқистон рад кард


Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон изҳороти додситонии Қазоқистонро дар бораи даст доштани қирғизистониҳо дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 рад кард.

Бишкек гуфтааст, бархе аз шаҳрвандони Қирғизистон ба далели "вазъияте, ки аз онҳо вобаста намебошад" дар маркази "ҳодисаҳои январӣ"-и Қазоқистон қарор гирифтаанд.

"Масъулият ва гуноҳи шаҳрвандони Қирғизистон исбот нашудааст. Ягон шаҳрванди Қирғизистон дар Қазоқистон на дар гирдиҳамоиҳо ва на дар эътирозҳои оммавию ғоратгарӣ иштирок накардааст. Вазорати корҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои дигари Қирғизистон дар Қазоқистон дар ҷараёни ҳодисаҳои январи соли 2022 ба хотири таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони худ корҳои ҳамаҷониба анҷом доданд. Аз ҷумла беш аз 600 шаҳрванди Қирғизистон ба таври фаврӣ бароварда шуданд”, - гуфтааст вазорат.

Додситони кулли Қазоқистон Берик Асилов як рӯз пеш ҳангоми додани ҳисобот дар порлумон гуфт, ки дар ҳодисаҳои "январӣ"-и ин кишвар дар баробари шаҳрвандони Узбекистон, Русия ва Тоҷикистон қирғизистониҳо низ иштирок кардаанд.

XS
SM
MD
LG