Ссылки доступа

Расонаҳо аз марги "Абу Умар", тоҷикистонии узви Толибон, хабар доданд


Бархе расонаҳои Афғонистон аз кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон бо лақаби "Абу Умар" дар вилояти Бадахшони он кишвар хабар доданд.

Аз ин фард ба унвони "минасози моҳир" ва мураббии ҷангҷӯёни, хориҷӣ ном бурда шудааст.

Сайти рӯзномаи "Ҳашти субҳ" рӯзи панҷшанбеи 5-уми январ бо такя ба манбаъҳои худ дар маҳал хабар дод, ки ҷасади ин ҷангҷӯи тоҷик се рӯз пас аз нопадид шудан аз ноҳияи Баҳораки Бадахшон, шоми дирӯз дар яке аз деҳаҳои ин ноҳия пайдо шудааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҷангҷӯи узви Толибон аз сӯи чӣ касе ё кадом гурӯҳе кушта шудааст.

Ба гуфтаи манбаъҳо, ин шаҳрванди Тоҷикистон нақши барҷастае дар аз байн бурдани сангарҳои нерӯҳои ҳукумати пешин ва танкҳои размии онҳо дар Бадахшон доштааст.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар робита ба ин хабар вокуниш нишон надодаанд.

Дар бораи "Абу Умар" маълумоти зиёд дар даст нест. Танҳо гуфта мешавад, ки ӯ зодаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аст.

Як манбаъ, ки ҳодисаҳои Афғонистон ва фаъолиятҳои гурӯҳҳои ҷангии хориҷӣ дар он кишварро пайгирӣ мекунад, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Абу Умар" ҳанӯз рӯзи 9-уми декабр кушта шуда буд, аммо хабар ҳоло расонаӣ мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, Абу Умар раҳбарии як маркази истеҳкоми Толибонро дар Бадахшон ба ӯҳда доштааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир даҳҳо ҷангҷӯ аз Тоҷикистон дар сафҳои Толибон дар вулусволии Баҳорак, Шуғнон ва Нусайи вилояти Бадахшон ҳузур доранд.

Яке аз онҳо Муҳаммад Шарифов бо лақаби Маҳдӣ Арсалон аз ноҳияи Нуробод мебошад, ки мақомоти тоҷик нӯҳ сол боз ба иттиҳоми терроризм ӯро меҷӯянд, вале Толибон дар идораи марзии Афғонистон ба ӯ мақом доданд.

Номи шаҳрвандони Тоҷикистон ахиран дар чанд ҳодисаи террористӣ дар Афғонистон зари забонҳо афтод. Аз ҷумла, Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз сиёсатмадорони ҷанҷолӣ ва раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон рӯзи ҷумъа 10-уми декабри соли гузашта зимни намози ҷумъа дар шаҳри Кобул гуфт, ҳамлагарон аз Тоҷикистон будаанд ва мехостанд ӯро бикушанд. Гулбиддин Ҳикматёр ҳеч далеле барои собит кардани гуфтаҳояш наовард ва мақомоти Тоҷикистон ҳам аз он замон то кунун дар ин бора чизе нагуфтаанд.

XS
SM
MD
LG