Ссылки доступа

Муҳлати ҳабси соҳибнуфузи ҷиноии қазоқистонӣ Арман Ҷумагелдиев то 7 март тамдид шуд


Додгоҳе дар Қазоқистон ҳабси пешакии соҳибнуфузи ҷиноӣ Арман Ҷумагелдиевро, ки бо лақаби "Дикий Арман" маъруф аст, то 7 март тамдид кард.

Тамдиди ҳабси пешакӣ рӯзи 29 декабри соли 2022 содир шудааст.

Арман Ҷумагелдиеви 37-сола рӯзи 7 январи соли 2022 боздошт шуда буд. Ӯро дар "созмон додани бетартибиҳои оммавӣ", "нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ" ва "ташкилу роҳбарии гуруҳи муташаккили ҷиноӣ" айбдор мекунанд. Вакили мудофеъ гуфт, Ҷумагелдиев ин айбҳоро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG