Ссылки доступа

Душанбе даст доштани тоҷиконро дар эътирозҳои Қазоқистон рад кард


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даст доштани шаҳрвандони кишварро дар эътирозҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон рад кард. Додситони кулли Қазоқистон рӯзи 5-уми январ гуфт, дар бетартибиҳои моҳи январи соли гузашта дар ин кишвар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикистониён ширкат доштанд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 6-уми январ ба Радиои Озодӣ навишт, дар ошӯбҳои оммавии моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон, шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат надоштанд.

"Ҷониби Тоҷикистон дар бораи ширкат доштани шаҳрвандонаш дар воқеаҳои соли гузашта, аз тариқи роҳҳои расмӣ аз Қазоқистон маълумот нагирифтааст", - навиштааст ВКХ Тоҷикистон.

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин гуфтанд, баъди нашри хабарҳо дар ин бора, сафорати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдори Қазоқистон муроҷиат кард "ва ин далелҳо тасдиқи худро наёфт".

Рӯзи 5-уми январ Берик Асилов, додситони кулли Қазоқистон дар порлумони ин кишвар гуфт, "шаҳрвандони хориҷӣ ба иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ ва ҷиноятҳои дигар гумонбар дониста мешаванд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Узбакистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ ҳастанд".

Мақомоти Қирғизистон ба ин изҳороти Асилов вокуниш карда, даст доштани доштани шаҳрвандонашон дар эътирозҳои Қазоқистонро рад карданд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, бархе аз шаҳрвандони ин кишвар ба далели "вазъияте, ки аз онҳо вобаста намебошад" дар маркази "ҳодисаҳои январӣ"-и Қазоқистон қарор гирифтаанд.

Додситони кулли Қазоқистон дар бораи даст доштани шаҳрвандони хориҷӣ дар эътирозҳо ҷузъиёти бештар надод. Маълум нест, ки шаҳрвандони ин кишварҳо дар ҷараёни эътирозҳои аввали соли гузашта дар Қазоқистон чигуна даст доштанд. Додситони кулли Қазоқистон танҳо гуфт, дар робита ба эътирозҳои моҳи январ 573 нафар маҳкум шудаанд. Аз миёни инҳо 2 нафарашон ба содир кардани амалҳои террористӣ муттаҳам мешаванд.

Ибтидои моҳи январи соли гузашта дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон баъди якбора боло рафтани қимати гази моеъ сокинон ба эътироз баромаданд. Ин эътирозҳо Алмато ва чанд шаҳри дигари Қазоқистонро фаро гирифта, ба беназмиҳои оммавӣ бо истифода аз силоҳ печиданд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, беназмиҳоро на эътирозгарон, балки террористоне анҷом додаанд, ки аз хориҷ омадаанд. Далели қонеъкунандае дар ин маврид то кунун нашр нашудааст. Дар натиҷаи он бетартибиҳо 227 кас кушта шуд. Дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ раиси Кумитаи амнияти Қазоқистон ва вазири дифоъ боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG