Ссылки доступа

Ҳодисаҳои январӣ дар Қазоқистон: Парвандаи марги кӯдаки 4-сола пӯшида ва махфӣ шуд


Парвандаи марги Айкоркеми 4-сола, ки дар ҳодисаҳои январии соли 2022 аз тири силоҳ кушта шуд, баста шудааст. Дар ин бора падари Айкоркем хабар дод.

Айдос Мелдехан, падари Айкоркем гуфт, дар ин бора рӯзи 5 январ хабар ёфтааст, ҳарчанд парвандаро 30 декабри соли 2022 бастаанд.

Рафик Бейсебеков, вакили мудофеи хонаводаи Айкоркем гуфт, парванда ба далели "набуди таркиби ҷиноят" баста шудааст.

Вакили мудофеъ гуфт, ба зинаҳои дигари додгоҳӣ шикоят хоҳад бурд.

Айкоркем Мелдехан ҳангоми ҳодисаҳои январии соли 2022 кушта шуд. Вай аз тири силоҳ дар дохили мошине кушта шуд, ки ҳамроҳи бародарону хоҳараш қарор дошт.

Мошине, ки Айкоркем дар дохили он буд, дар майдони Ҷумҳурии шаҳри Алмато қарор дошт. Айдос Мелдехан, падари Айкоркем он замон ҳамроҳ бо хонаводааш ба мағозаи маҳсулоти ғизоӣ рафта буд.

XS
SM
MD
LG