Ссылки доступа

Дар Узбекистон чаҳор касро дар робита ба марги кӯдакон аз "Док-1 Макс" боздошт карданд


Дар доираи парвандаи ҷиноии марги 19 кӯдак аз доруи "Док-1 Макс" дар Узбекистон чаҳор касро боздошт карданд.

Дар ин бора рӯзи 6 январ Хадамоти амнияти Узбекистон иттилоъ дод.

Ду тан аз боздоштшудаҳо кормандони Маркази илмии стандартсозии доруи Узбекистон ҳастанд. Онҳоро дар вайрон кардани талабот ҳангоми анҷом додани озмоиши доруи "Док-1 Макс" гумонбар мекунанд. Ду тани дигар кормандони ширкати "Quramax Mediсal" ҳастанд. Ин ширкат аз Ҳинд ба Узбекистон доруи "Док-1 Макс"-ро ворид мекард.

Пештар мақомоти Узбекистон хабар доданд, ки 8 кӯдаки дигар баъд аз хӯрдани доруи “Док-1 Макс” бистарӣ шудаанд. Олтиной Эсанова, як масъули бахши тандурустии Узбекистон гуфтааст, 7 нафари онҳо сокинони вилояти Сирдарё ва як нафар аз Фарғона ҳастанд.

Ба гуфтаи Олтиной Эсанова, 4 нафар аз кӯдакон сиҳат шуда ба хона рухсат шуданд, вале 3 нафарашон дар бахши эҳё бистарӣ ҳастанд. Пештар хабаргузори УзА хабар дод, ки писарбачаи сесола аз вилояти Фарғона баъди истеъмоли доруи “Док 1 Макс” бо нишонаҳои дарунравӣ бистарӣ шуда, феълан дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Моҳи декабри соли гузашта 19 кӯдак дар Узбекистон аз истеъмоли доруи “Док-1 Макс” ҷон доданд. Баъди ин фурӯши ин дору дар Узбекистон ва чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ манъ шуд. Марги 19 кӯдак интиқоди зиёдро дар дохили Узбекистон ба миён овард ва президент Шавкат Мирзиёев роҳбари Оҷонсии рушди саноати дорусозиро аз мақомаш барканор кард. Хадамоти амнияти Узбекистон намояндаи ширкати воридкунандаи “Док-1 Макс” ва Маркази илмии стандартизатсияи маводи дорувориро боздошт кардааст.

Тибқи ташхисҳои пешакӣ, дар таркиби доруи “Док-1 Макс” гликоли заҳрноки этиленӣ ошкор шудааст. Феълан истеҳсоли ин дору, ки барои зуком ва паст кардани ҳарорат пешбинӣ шудааст, дар Ҳинд боздошта шуд.

XS
SM
MD
LG