Дар Раёсати тандурустии вилояти Намангони Узбекистон рух додани ҳодисаро танҳо баъд аз расонаи шудани он тасдиқ карданд.
Канали "Kompromatuzb" дар паёмакрасони Телеграм 7 январ хабар дод, ки сокини сесолаи ноҳияи Учқурғони Намангон 15 декабри соли гузашта ба бемористон интиқол ёфта, 21 декабр ҷон бохтааст.
"Баъд аз расонаӣ шудани таъсири манфии доруи "Док-1 Макс" дар саросари Узбекистон модари кудак гуфтааст, фарзанди ӯ ҳам ин доруро истеъмол карда буд", - омадааст дар хабар.
Шумори кудаконе, ки дар Узбекистон баъди истеъмоли доруи "Док-1 Макс" фавтидаанд, ба 20 кас расид.
Тибқи ташхисҳои пешакӣ, дар таркиби доруи “Док-1 Макс” гликоли заҳрноки этиленӣ ошкор шудааст. Феълан истеҳсоли ин дору, ки барои зуком ва паст кардани ҳарорат пешбинӣ шудааст, дар Ҳинд боздошта шуд.