Ссылки доступа

Узбекистону Чин парвози ҳавопаймоҳоро дубора ба роҳ мемонанд


Бо гузашти қариб 3 сол Узбекистону Чин парвози доимии ҳавопаймоҳоро дубора ба роҳ мемонанд. Рӯзи 10 январ ширкати Uzbekistan Airways нахустин парвозро аз Тошканд ба Пекин анҷом медиҳад.

Барои вуруд ба Чин мусофирон вазифадор шудаанд, ки визо ва ташхиси коронавирус бигиранд.

Билети ин парвоз дар сомонаи ширкати Uzbekistan Airways ба фурӯш гузошта шуда, аз наздики 600 доллари ИМА шуруъ мешавад. Парвози навбатӣ дар ин самт рӯзи 17 январ нишон дода шудааст. То охири моҳи январ парвозҳо ҳафтае як маротиба ва аз моҳи феврал ҳафтае ду маротиба анҷом хоҳанд шуд.

Узбекистону Чин парвозҳои доимиро моҳи феврали соли 2020 дар робита ба паҳншавии вабои коронавирус қатъ карда буданд.

XS
SM
MD
LG