Ссылки доступа

Муовини пешини раиси Оҷонси зидди фасоди Қазоқистон дастгир шуд


Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар додааст, ки муовини пешини сардори Оҷонси мубориза бо коррупсия дар ин кишвар Мақсад Кожабоевро дастгир кард.

Хадамоти матбуотии кумита мегӯяд, Кожабоев 9 январ бо гумони "содир намудани ҷинояти коррупсионӣ" боздошт шудааст. Ҷузъиёти боздошти ӯ бо баҳонаи халал нарасидан ба раванди тафтишот шарҳ дода намешавад.

Кожабоев моҳи июли соли 2021 бо фармони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба мақоми муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасоди он кишвар таъин шуда буд. Ӯ моҳи апрели соли гузашта аз ин мақом барканор гашт.

Кожабоев дар гузашта ба ҳайси додситони шаҳри Чимкент, муовини додситони вилояти Ҷамбил кор карда, солҳои 2016-2017 сардори шуъбаҳои Хадамоти мубориза бо коррупсия дар вилояти Ҷамбили вилояти Қазоқистони Ғарбӣ буд.

XS
SM
MD
LG