Ссылки доступа

Остона насби юрти қазоқӣ дар Украинаро ба Русия шарҳ дод


Вазорати умури хориҷии Қазоқистон рӯзи 11 январ гуфт, дар насби “Юрти қазоқии шикастнопазир” дар шаҳри Бучаи Украина ҳеҷ мушкилеро намебинад ва он ба намояндагии расмии кишвар ҳеч рабте надорад.

"Сафорати Қазоқистон ба ин кор рабте надорад. Ин ташаббуси ширкатҳои хусусии Қазоқистон аст. Мо онҳоро боздошта наметавонем. Дар ташкили юрт ҳам ягон мушкилиеро намебинем. Юрт манзили суннатии кӯчманчиён аст, ки ҷамъ кардани он осон буда, аз ҷиҳати экологӣ ҳам тоза аст. Он ташаббуси соҳибкорон барои кумак ба мардуми Украина мебошад. Мо дар ин хусус сухани махсусро лозим намедонем, зеро дар гузоштани юрт ягон мушкилиеро намебинем. Баръакс, мо аз он фахр мекунем, ки мо юрт дорем”, - изҳор доштааст Ойбек Смадияров, сухангӯи вазорати умури хориҷии Қазоқистон дар посух ба суоли бахши қазоқии Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар Қазоқистон ҳудуди 300 ҳазор украинӣ зиндагӣ мекунанд ва дар Украина ҳам ҷамъияти қазоқҳо ҳам ҳастанд, ки ба якдигар метавонанд кумак расонанд.

Ин суханҳои Смадияров дар ҳолест, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия дар посух ба суол дар бораи насби "юрти шикастнопазир" дар Буча, ки гӯё бо иштироки Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон мебошад, посух дода, гуфтааст, мунтазири шарҳи расмии ҷониби Остона дар ин замина аст.

XS
SM
MD
LG