Ссылки доступа

Канат Исоев - сиёсатмадори қирғизистониро аз ҳабс озод краданд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 11 январ вакили пешини порлумони ин кишвар Канат Исоевро аз маҳбас ба ҳабси хонагӣ интиқол дод. Дар ин бора Бексултон Осонов, вакили мудофеи Исоев хабар дод.

Моҳи сентябри соли 2017 Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Канат Исоеваро бо гумони "Омодагӣ ба ҷиноят", "Бетартибии оммавӣ" ва "Ғасби худсаронаи ҳокимият" боздошт карда буд. Исоев қариб як сол дар ҳабс буд. 18 июли соли 2018 додгоҳ ӯро ба ҳабси хонагӣ интиқол дод.

Аммо 23 октябри соли 2022 Исоевро дар асоси парвандаи пешин дубора ба маҳбас бурданд.

Ҳабси дубораи Канат Исоев ба боздоштҳои густардаи фаъолон ва сиёсатмадорони қирғизистонӣ дар доираи парвандаи маъруф ба Кампиробод рост омад.

XS
SM
MD
LG