Ссылки доступа

Даъвати созмонҳои байналхалқӣ аз Қирғизистон: "маҳдудиятҳои "Азаттик"-ро бекор созед"


Аъзои платформаи байналхалқии "Ҳамраъйии шаҳрвандӣ" вазъ атрофи бахши қирғизии Радиои Озодӣ - "Азаттик"-ро маҳкум ва аз мақомоти Қирғизистон даъват карданд, ки озодии баёнро ҳифз кунанд.

Платформаи мазкур, ки наздики 30 созмони мухталифро аз саросари дунё муттаҳид месозад, аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаи "Азаттик"-ро бекор созанд. Ин платформа ҳамчунин ба озодсозии суратҳисобҳои бонкии радио даъват кардааст. Муроҷиатномаи созмон дар сомонаи Кумитаи норвежии Ҳелсинки нашр шудааст.

Пештар аз ин беш аз сад кас - намояндагони қишри зиёии Қирғизистон, ходимони санъату фарҳанг, олимон, фаъолон ва рӯзноманигорон аз вазъи атрофи бахши қирғизии Радиои Озодӣ нигаронӣ карда буданд.

Дар муроҷиатномаи ин афрод миёнаҳои моҳи декабри соли 2022 ба унвонии президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва дигар мақомдорон омадааст, "бастани сомона ва суратҳисоби бонкӣ на ба Конститутсия мутобиқат дорад ва на ба қонунҳои дигар".

"Набояд фаромӯш кард, ки Радиои Озодӣ дар таърихи 70 соли фаъолияташ дар шаклгирии истиқлоли Қирғизистон нақш доштааст, барои даст ёфтан ба озодӣ саҳм гузоштааст", - омадааст дар муроҷиатнома.

Муаллифон аз роҳбарияти Қирғизистон даъват кардаанд, ки дар барқарории фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ - "Азаттик Медиа" мусоидат кунанд.

Зеро нома бештар аз 100 кас имзо мондааст, ки миёнашон ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ, вакилони пешину амалкунандаи порлумон ҳастанд.

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 26 октябри соли ҷорӣ сомонаи "Азаттик Медиа"-ро барои ду моҳ баст. Роҳбарияти Радиои Озодӣ ин тасмимро таъқиби расонаҳои озод унвон кард.

"ДемирБонк"-и Қирғизистон рӯзи 31 октябр суратҳисобҳои бонкии "Азаттик Медиа"-ро маҳдуд кард.

XS
SM
MD
LG