Ссылки доступа

Интихоботи сенати Қазоқистон: 55 номзад дар баргаҳои раъй шомил шуданд


Нурлан Абдиров, раиси Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон хабар дод, ки 55 номзад дар баргаҳои раъйдиҳӣ сабт шудаанд.

"Чаҳор номзад аз шаҳри Алмато, номзадҳо аз вилоятҳо ва шаҳрҳои дигари Қазоқистон сабти ном шуданд" - гуфт Абдиров.

Вай илова кард, ки сенатҳоро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб мекунанд.

Интихоби вакилони сенати Қазоқистон рӯзи 14 январ баргузор мешавад.

Сенати Қазоқистон 50 вакил дорад.

Ҳамчунин дар он кишвар тобистони соли ҷорӣ интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар назар аст.

XS
SM
MD
LG