Ҳомиёни ҳуқуқ аз қарори вазорати фарҳанг, ки сомонаҳои "Азаттик Медиа"-ро баст, аз парвандаи ҷиноӣ нисбати мудири телевизиони Next TV, ихроҷи рӯзноманигори таҳқиқгар Болот Темиров ёдовар шудаанд.
"Озодии расонаҳо зери зарба монда, нисбати рӯзноманигорони мустақил, блогерон ва расонаҳо парванда боз шуд. Дар моҳи октябри соли 2022 вазорати фарҳанг сомонаҳои "Азаттик Медиа"-ро баст", - омадааст дар гузориши HRW.
Ба ҷуз ин, ба бовари коршиносон, нишондоди дигари бадшавии озодии баён дар Қирғизистон боздошти дастаҷамъии бештар аз 20 фаъол ва сиёсатмадор аст, ки дар тирамоҳи соли 2022 сурат гирифт.
Дар навбати худ мақомоти Қирғизистон борҳо гуфтаанд, ки ҳуқуқ ба озодии баён дар Қирғизистон поймол нашудааст.