Ба иттилои дафтари матбуотии ширкати "КазТрансОйл", Вазорати энергетикаи Русия аллакай ба ин иҷозат додааст.
Қаблан Мағзум Мирзогалиев, раиси ширкати миллии нафту гази “КазМунайГаз” гуфта буд, ки Қазоқистон масъалаи интиқоли нафтро ба Олмон баррасӣ мекунад.
Мақомоти Олмон ният доранд, бар асоси таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо то охири сол воридоти нафти Русияро тадриҷан бас кунанд ва бо Лаҳистон барои таъмини интиқоли нафт ба корхонаҳои коркарди нафти шаҳри Шведт, ки тақрибан 90 дарсади бензин ва дизелро ба Берлин таъмин мекунад, музокира мекунанд.
Ҳафтаи гузашта хабаргузории “Ройтерз” бо истинод ба Майкл Келлнер, котиби давлатии Вазорати иқтисоди миллии Олмон хабар дод, ки Берлин барои афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Қазоқистон талош мекунад.