Ссылки доступа

Занозании хунин миёни гуруҳҳои ҷиноӣ дар Ӯши Қирғизистон


Яке аз гумонбарони занозании хунин дар шаҳри Ӯши Қирғизистон, ки таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт, дар шаҳри Бишкек дастгир шудааст.

Хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон аз боздоштшуда Шокир уулу Курсантбеки 25-сола ном бурдааст. Манбаъ афзуда, ки ҷустуҷӯи гумонбарони дигар идома дорад.

Ахиран мақомоти вилояти Чӯйи Қирғизистон Раимберди уулу Оқилбек (1995) ва Коргонбой уулу Эламан(1995)-ро ҳангоми кушиши убури марзи Қирғизистон бо Қазоқистон дастгир карданд. Як шарики дигари онҳо дар Ӯш дастгир шуда буд.

Шаби 13 январ дар маркази Ӯш миёни аъзои гурӯҳи ҷиноие муноқиша сар зада, дар натиҷа як нафар ҷон бохта, як тани дигар дар шӯъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ шуд. Дар робита ба ин ҳодиса сокини маҳаллӣ Қодир Досоновро, ки дар олами ҷиноӣ бо лақаби "Женго" маъруф аст, боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG