Ссылки доступа

Роҳбарони пешини як бозори шаҳри Алматоро дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълом карданд


Роҳбарони пешини бозори "Олтин Орда"-ро дар шаҳри Алматои Қазоқистон дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълом карданд.

Хабаргузориҳои Қазоқистон навиштанд, чаҳор марди аз 36 то 40-сола - Дониёр Апдигапаров, Жумадин Патов, Канат Жакаев ва Айдос Нуркалиев - ҷустуҷӯ мешаванд. Онҳо дар қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон айбдор мешаванд.

Баҳори соли гузашта Дониёр Абдигапаров, ки худро мудири пешини бозор муаррифӣ карда буд, дар наворе ба президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев муроҷиат муроҷиат ва аз ғасби рейдерӣ шудани бозор шикоят кард.

Моҳи феврали соли 2022 Тоқаев ба "роҳандозии тартибот" дар бозори "Олтин Орда" даъват кард. Ин бозорро ба Булат Назарбоев, бародари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рабт медоданд.

Тафтишот дар бозори мазкур қонуншиканиҳои зиёдеро ошкор ва додгоҳ ширкати молики бозорро дар ҳаҷми 46 миллион танга ҷарима баст.

XS
SM
MD
LG