Ссылки доступа

Ҳолати фавқулода дар Майлуу-Сууи Қирғизистон: шаҳр давоми рӯз бо об таъмин мешавад


Нурланбек Умаров, шаҳрдори Майлуу-Сууи Қирғизистон рӯзи 16 январ хабар дод, ки давоми рӯз сокинони шаҳр бо об таъмин мешаванд.

Ба гуфтаи вай, яхи қисми зиёди лӯлаҳои шаҳр об карда шудааст. Шаҳрдор гуфт, ки сокинонро бо оби ошомиданӣ таъмин мекунанд. Умаров афзуд, масъалаи бо гармӣ таъмин кардани сокинон низ ҳал хоҳад шуд.

Ахиран бархе аз сокинони шаҳри Майлуу-Сууи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ба президенти он кишвар Содир Ҷабборов муроҷиат ва аз сардиву беобӣ шикоят карданд.

Дар шаҳри Майлуу-Суу ҳолати фавқулода эълом шудааст. Ба далели сардиҳо лӯлаҳои оби сард ях баста, интиқоли оби гарм ба сокинон номумкин шудааст.

Шуруъ аз 10 январ дар Қирғизистон ҳавои сард ҳукмфармост. Дар бархе аз минтақаҳои он кишвар ҳаво то 38 дараҷа сард шуд.

XS
SM
MD
LG