Дар ин бора Бакит Торобоев, муовини раиси девони вазирони Қирғизистон дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод.
Вай гуфт, дар соли 2023 истифодаи барқ ба 16,6 млрд кВт/соат мерасад ва камбуди он 1,9 млрд кВт/соатро ташкил хоҳад дод.
"Бо ҳадафи пӯшонидани камбуди барқ барои воридсозии 2 млрд кВт/соат барқ аз Қазоқистон ва Туркманистон шартнома имзо шудааст", - гуфт Торобоев.
Аммо маълум нест, ки оё воридоти барқ ба Қирғизистон шуруъ шудааст ё на.
Бо фарорасии сардиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Қирғизистон маҳдудияти интиқоли барқ мушоҳида мешавад.
Қирғизистон бо 7 миллион аҳолиаш дар солҳои охир ба буҳрони энержӣ рӯ ба рӯ аст. Ҳамасола дар он кишвар талабот ба барқ 5-7% меафзояд, ки тавлидоти дохилӣ онро қонеъ карда наметавонад.