Ссылки доступа

Қазоқистон содироти пиёзро ба хориҷ манъ кард


Содироти пиёз аз Қазоқистон ба хориҷ барои се моҳ манъ шудааст. Вазорати кишоварзии он кишвар мегӯяд, ин тасмим ба хотири муътадил нигаҳ доштани қимати пиёз дар бозорҳо ва пешгирӣ аз содироти зиёди он рӯи даст гирифта шудааст.

"Талаботи кишварҳои севум ба пиёзи Қазоқистон ба офатҳои табиии Покистон рабт дорад. Покистон бузургтарин кишвари истеҳсолкунандаи пиёз дар Осиё ва дунё аст. Обхезӣ дар он кишвар боиси гароншавии пиёз дар саросари дунё, аз ҷумла дар бозорҳои Қазоқистон гардид", - хабар додааст вазорати кишоварзии Қазоқистон.

Фишори дигарро ба қимати пиёз сардиҳои ҷануби Қазоқистон, инчунин Узбекистон овардааст, ки ҳаҷми зиёди пиёз онҷо вайрон шудааст. Ҳамаи он ба он оварда расонидааст, ки истеҳсолгарони асосии пиёз онро ба хориҷ содир кунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар соли 2022 дар Қазоқистон 1,1 млн тона пиёз истеҳсол шудааст. Талаботи солонаи Қазоқистон ба ин навъи маҳсулот ба ҳисоби миёна 315 ҳазор тона аст.

XS
SM
MD
LG