Ссылки доступа

"Фарғонаазот"-и Узбекистонро ба ширкати сингапурӣ мефурӯшанд


Шавкат Мирзияев во время посещения Ферганского нефтеперерабатывающего завода 6 мая 2019 г.

Корхонаи "Фарғонаазот" - яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони нуриҳои минералӣ дар Узбекистон ба ширкати сингапурӣ фурӯхта мешавад.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ин корхонаро ширкати "Indorama Corporation"-и Сингапур бо қимати 140 миллион доллари ИМА мехарад.

Моликони нав вазифадор шудаанд, ки барои таҷдиди корхона 100 млн доллар харҷ кунанд. Бино ба шартҳои хариду фурӯш, молики нав теъдоди коргарон, ҳаҷми маоши онҳо, барномаҳои иҷтимоии корхонаро ҳифз хоҳад кард.

Ширкати "Indorama Corporation" дар 38 кишвари дунё бештар аз 160 корхона дорад.

Имзои шартномаи хариду фурӯши "Фарғонаазот" рӯзи 16 январ дар сафари давлатии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Сингапур сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG